Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия сардори шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ҳарбии Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Қаҳҳор Сатторовро ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 16 ҳазор сомонӣ дастгир карданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии зиддифасод, боздоштшуда барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани хешписараш аз як шаҳрванд маблағи 4 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда, аз ин маблағи талабнамудааш моҳи ноябри соли гузашта 2 ҳазор доллари амрикоиро пешакӣ гирифта, боз оварда додани маблағи 2 ҳазор доллари амрикоии боқимондаро бо қурби пули миллӣ - 16 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.
Гуфта мешавад, Қаҳҳор Сатторов ҳангоми гирифтани боқимонда маблағи 16 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Садриддин Айнӣ дастгир ва маблағҳои мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъи дарёфт ва мусодира шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати Сатторов Қаҳҳор Ғаффорович бо моддаи 319 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста