Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холӣ дар сохторҳои Агентӣ озмун эълон кард.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Агентии зиддифасод, ин ниҳод ба мутахассисон ва мутахассисони пешбар дар дастгоҳи марказӣ ва раёсату шуъбаҳои назорати давлатии молиявӣ ниёз дорад.
Аз довталабон донистани Конститутсия (Сарқонун), санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, ки масъалаҳои мубориза бо коррупсияро ба танзим медароранд, донистани забони давлатӣ ва кор бо компютер талаб карда мешавад. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар собиқаи кории на камтар аз 2 сол зарур аст. Ҳаҷми музди меҳнати мутахассисони талабмешуда аз 570 (тақрибан 73$) то 697,5 сомониро ташкил медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста