Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба хатои роҳёфта дар хабари сомонаи вазорат дар маълумот оид ба боздошти гумонбар ба азхудкунии маблағи нафақахӯрон расман узр мепурсад.
Дар хабари дар ин робита интишоршудаи ВКД гуфта мешавад, Вазорати корҳои корҳои дохилӣ вобаста ба хабари «Азонихуд намудани маблағи нафақахӯрон иттилоъ медиҳад, ки бинобар сабабҳои техникӣ иштибоҳан ба ҷои нозири хазинадори №12 БДА "Амонатбонк"-и ноҳияи Нуробод, корманди Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Нуробод зикр гардидааст, ки расман аз Раёсати мазкур бахшиш мепурсем.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳодисаи мазкур мавриди санҷиши хизматӣ қарор дорад.
Ёдрас мекунем, ки дар хабари рӯзи 16 март бо такя ба маълумоти ВКД тоҷикистон иттилоъ дода будем , ки кормандони милитсия рӯзи 15 март марди 41-солаи сокини ноҳияи Турсунзода, корманди дастгоҳи Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Нурободро ҳамчун гумонбар дар сохтакорӣ дастгир карданд. Акнун аён гардид, ки ин шахс нозири хазинадори №12 БДА "Амонатбонк"-и ноҳияи Нуробод будааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста