Танҳо давоми 2 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 1 ҳазору 30 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5% зиёдтар мебошад.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ин давра ҳолатҳои сабти ғоратгариҳо - 26,7%, дуздӣ - 21,4% ва ҳодисаҳои қасдан зарари ҷисмонӣ расонидан ба саломатӣ - 1,8 баробар афзудааст.
Дар ҳамин ҳол, бақайдгирии ҳодисаҳои дуздӣ дар манзилҳо - 41,9%, порагирӣ - 18,4%, авбошӣ - 13,3%, куштори ё суиқасд ба куштор - 16,7%, қаллобӣ - 1,9% ва ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир - 12% коҳиш ёфтааст.
Давоми моҳҳои январ-феврали соли равон 534 ҷинояти иқтисодӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 3,4% камтар аст.
Тӯли 2 моҳи соли ҷорӣ 60 ҳолати риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳалокат ва маҷрӯҳ гардидани ҷабрдидагонро дар пай доштааст.
Тайи 2 моҳи соли равон дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳудуди 4,6 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли 2015 ба андозаи 3,6% зиёд аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста