Зимни баргузории амалиёти махсус оид ба пешгирии ҳодисаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар қаламрави шаҳри Кӯлоб, шаҳрванди 36-солаи Афғонистон, зодаи ноҳияи Хоҳони вилояти Бадахшон боздошт шуд.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, гумонбаршуда, аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ мансуб ёфта, аз ӯ дар маҷмӯъ 107 килою 646 грамм маводи нашъадор, аз инҳо 97 килою 424 грамм маводи нашъадори бангдона, 9 килою 266 грамм маводи ҳашиш ва 956, 8 грамм маводи нашъаовари афюн дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Гуфта мешавад, кормандони милиса ба гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамчунин сокини 55-солаи шаҳри Кӯлобро низ боздошт намуда, аз ӯ зиёда аз 9 кило маводи мухаддири ҳашишро дарёфт ва мусодира кардаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далелҳои дар боло зикршуда парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста