Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ба гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи кимиёвӣ 4 нафар шаҳрвандони ҷумҳуриро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, инҳо ду нафар сокини шаҳри Ваҳдат - марди 63, дигарӣ 40-сола, инчунин марди 52-солаи сокини ноҳияи Варзоб ва марди 57-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошанд.

Гуфта мешавад, дар вақти кофтукови шахсӣ аз гумонбаршудагон дар маҷмӯъ 486-грамм металли симоб дарёфт ва мусодира гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.