Минбаъд мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон эҳтимол ба хабардор кардани наздикону хешовандони шахсоне, ки ба гумони содир кардани ин ё он ҷиноят боздошт шудаанд, уҳдадор карда шаванд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кардааст, ки ба қонун «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» чунин тағйироту иловаҳои дахлдор ворид карда шавад.
Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлуда Қаландарзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар тағйироту иловаҳо уҳдадории мақомоти интизомӣ доир ба дар санад (протокол) сабт намудани ному насаби корманди мақомот, ки шахси гумонбарро бохздошт кардааст, пешбинӣ шудааст.
«Ғайр аз ин, дар санади боздошт ҳатман бояд дар бораи ба кадом хешу наздики шахси боздоштшуда хабар додан дар ин хусус ва кадом вақт сурат гирифтани он қайд гузошта шавад», - иброз дошт вакили парлумон.
Зимнан таъкид гардид, ки тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба ҳимояи ҳуқуқи шахсони гумонбар ба содир кардани ин ё он ҷиноят ва ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи масъулияти кормандони мақомоти интизомӣ, ки боздошт бо сабабҳои гуногун аз ҷониби онҳо сурат мегирад, нигаронида шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста