Ба марзбонони қирғиз муяссар шудааст, ки интиқоли ғайриқонунии миқдори зиёди қурутро ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, санаи 28 март дар мавзеи Эки-Тоши вилояти Ботканд марзбонон як шаҳрванди Қирғизистонро боздошт намудаанд, ки дар автомашинаи тамғаи Hyundai Porter 61 халта қурут бо вазни умумии 1 ҳазору 460 килоро ба Тоҷикистон интиқол доданӣ будааст.
Дар маълумот қайд мешавад, ки мақомоти гумрук арзиши бори қочоқии боздоштшударо тахминан ҳудуди 200 ҳазор сом (наздики 3 ҳазор $) арзёбӣ кардаанд.
«Пас аз таҳияи ҳуҷҷатҳои дахлдор шаҳрванди боздоштшуда ва бори қочоқӣ ба ихтиёри шуъбаи минтақавии Хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон супурда шуд», - гуфта мешавад дар маълумоти мазкур.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста