Додгоҳи олии Русия қазияи Шаҳбоз Азимов, як сокини 23-солаи Тоҷикистонро дубора баррасӣ карда ва муддати ҳабси ӯро ду моҳ кам намудааст. Шаҳбоз дар моҳи ноябри соли гузашта бо қарори додгоҳи низомии ҳавзаи Маскав бо ҷурми ифротгароӣ ба 3 соли ҳабси умумӣ ё "колония – поселение" маҳкум шуда буд.
Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ , додгоҳ Азимовро дар "барангехтани адоват, хусумат ва таҳқири шарафи инсонии гурӯҳи мардум дар заминаи равияи мазҳабии онҳо, даъватҳои оммавӣ ба анҷоми фаъолиятҳои ифротгароёна, даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ва дар мазҳари ом сафед ё тавҷеҳ кардани терроризм" муҷрим шинохт.
Аммо додгоҳи олии Русия ҳангоми баррасии қазияи Азимов ҳолатҳои сабуккунандаро пайдо карда ва дар мавриди муддати ҳабси ӯ бознигарӣ кардааст.
Шаҳбоз Азимов аз моҳи сентябри соли 2013 то июни соли 2014, ки гоҳ дар Архангелск ва гоҳ дар Қазон ба сар мебурд, дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" як силсила аксу видеову шарҳҳоеро нашр кардааст, ки намояндагони гурӯҳҳои мазҳабии ғайримусалмонро ба гунаи таҳқиромез тасвир мекарданд. Пас аз нашри ин гуна матолиб дар шабакаи интернет ӯ аз ҷониби кормандони Хадамоти федеролии амнияти Русия дар дар вилояти Архангелск дастгир гардид. Тафтишот ин маводи нашршударо “даъвати рӯирост дар мазҳари ом ба фаъолияти ифротгароёна” ва “тавҷеҳи терроризм” таъбир карда буд.
Дар айбномаи Шаҳбоз Азимов дар додгоҳ ба истинод ба матолиби нашршудааш дар шабакаи Интернет таъкид шуда буд, ки " ӯ ҷонибдори ҷиҳод алайҳи кофирон" буда, ҷавононро барои пайвастан ба суфуфи созмонҳои террористии "Давлати исломӣ", "Гурӯҳи Ал-Фарруқ" ва "Ҷунбиши исломии Туркистон" даъват кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста