Прокуратураи вилояти Суғд нисбати 6 имомхатиби масҷидҳои ҷомеъ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, онҳо боздошт шудаанд. Имомхатибон ба узвият дар ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ гумонбар дониста мешаванд.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо истинод ба як манбаъ дар мақомоти рокуратураи вилоят, тафтиши ин парвандаро шуъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфтаи прокуратура пеш мебарад ва ба далели ворид нашудани халал ба тафтиш, наметавонанд ҷузъиёти парвандаро ошкор бикунанд.
Ин ходимони динро ҳудуди як моҳ пеш мақомоти пулис дастгир карда, ду имомхатиб аз Хуҷанд, дуи дигар аз Конибодом ва якнафарӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Гулистон (Қайроққум) будаанд.
Айни замон ба Радиои Озодӣ ному насаби се тан аз онҳо - Мақсуд Урунов, Абдуҷамил Юсупов ва Сулаймон Болтуев маълум будаанд, ки имомхатибони масҷидҳои ҷомеи ноҳияҳои Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Қайроққум мебошанд.
Гуфта мешавад, агар гуноҳи имомхатибони боздоштшуда дар мурофиаи судӣ исбот шавад, ба онҳо ҷарима дар ҳаҷми аз 1 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисоб ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 5 сол таҳдид мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста