Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»-ро таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон ирсол намуд, ки мутобиқи онҳо, муҳлати супурдани имтиҳони тахассусӣ ё худ касбӣ барои бархе аз дараҷаҳои адвокатҳо боз ба муддати се моҳ дароз карда шуд.
Қобили зикр аст, ки муҳлати супурдани имтиҳони тахассусӣ барои адвокатҳои Тоҷикистон рӯзи 27 марти соли равон ба итмом расида, тибқи маълумоти Вазорати адлия, аз 2 ҳазор адвокати то имтиҳон фаъолиятдошта ҳамагӣ ба 312 нафар муяссар шуд, ки ин имтиҳонро муваффақона супурда, ба сертификати дахлдор соҳиб шаванд.
Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, вакил Мавлуда Қаландарзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳукумат тамдиди муҳлати супурдани имтиҳонҳоро танҳо барои он адвокатҳои пешниҳод мекунад, ки беш аз 10 сол собиқаи корӣ дар фаъолияти адвокатӣ ё беш аз 15 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносиро дошта бошанд.
Имтиҳоноти тахассусӣ аз ҷониби комиссияи касбӣ мутобиқи қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», ки 28 марти соли 2015 қабул шудааст, гузаронида шуда, дар моддаи 14-и он - «Роҳ додан ба имтиҳони тахассусӣ» тартиби роҳ додани довталаб ба имтиҳон саҳеҳ зикр шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста