Дар шаҳри Петербурги Русия нисбати шаҳрванди Тоҷикистон Ҷомӣ Нурхонов ба иттиҳоми қатл ва истифодаи зӯроварӣ ба намояндаи ҳокимият ҳукм содир шуда, ӯ ба 9 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд.
Бино ба маълумоти Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, муайян карда шудааст, ки шаби 5 августи соли 2013 дар наздикии хонаи №3-и кӯчаи Антонов-Овсеенко ҷабрдида ба шаҳрванди Тоҷикистон эрод гирифта, дар натиҷа миёни онҳо муноқиша сар мезанад.
«Сипас муноқишаи лафзӣ ба занозанӣ табдил ёфта, дар он Нурхонов ба мард бо корд зарба мезанад ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Аз ҷароҳатҳои бардошта бар асари зарбаи корд ҷабрдида ба ҳалокат мерасад», - қайд мешавад дар маълумот.
Ҳамчунин гуфта мешавад, зимни боздошт Нурхонов фаъолона муқовимат нишон дода, дар натиҷа яке аз кормандони мақомоти пулис ҷароҳат бардоштааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста