Тафтиши парванда нисбати афсари рус Иван Шербаков, ки аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар қатли як зан, сокини 22-солаи Душанбе боздошт шуда буд, ба итмом расид.
Ҳафтаи оянда он ҷиҳати баррасӣ ба суди ҳавзаи ҳарбии Урал фиристода мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» манбаъҳои наздик ба зани кушташуда хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, Шербаков ба «куштори барқасдона» айбдор карда шуда, парвандаро гурӯҳи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия ҳамроҳ бо ҳайати фармондеҳии пойгоҳи низомии 201-уми Русия тафтиш кардаанд.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки Иван Шербаков дар шаҳри Екатеринбурги Русия аз ташхиси судии рӯҳӣ гузашта , солим дониста шуд.
Шербаков ба қатли сокини шаҳри Душанбе Шоира Ҷобироваи 22-сола, ки 5 ноябри соли гузашта рух дода буд, айбдор карда мешавад. Он замон иттилоъ дода шуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия дар ҳамдастӣ бо раҳбарияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар фурсати кӯтоҳтарин сабабҳои куштори зани маҳаллӣ аз ҷониби афсари пойгоҳи низомӣ Иван Шербаковро ошкор намуданд.
Ҳамчунин зикр гардида буд, ки хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Иван Шербаков, ки ба қатли як зани тоҷик Шоира Ҷобироваи 22-сола гумонбар дониста мешавад, ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №1-и шаҳри Душанбе интиқол гардида, то ахири тафтишот - 6 январи соли 2016 дар он ҷо қарор хоҳад дошт. Дар ин бора қаблан Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъҳои наздики худ ба тафтишот иттилоъ дода буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста