Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати корманди Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе хабар медиҳад.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, кормандони Хадамоти гумруки "Майдони ҳавоӣ"- аз интиқоли ғайриқонунии сиккаҳои дорои осори таърихӣ ва арзиши фарҳангӣ пешгирӣ намудаанд.
«Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаъолияти оперативию ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти гумруки "Майдони ҳавоӣ" ҳолати интиқоли ғайриқонунии 11 адад сиккаҳои дорои осори таърихӣ ва арзиши фарҳангӣ дошта, 44 адад ангуштарин, 21 адад гарданбанд, 8 адад дастбандҳои таърихӣ, 3 адад зеби гардан (кулон) ва шикастапораҳои маснуоти заргарӣ ошкор карда шудааст», - омадааст дар маълумот.
Гуфта мешавад, соҳибкор А.Р бо мусоидати корманди фурудгоҳ Қ.Р ин маснуотро аз Тоҷикистон ба кишвари Туркия интиқол доданӣ будааст.
Зимнан зикр мегардад, ки дар натиҷа нисбат ба корманди фурудгоҳи шаҳри Душанбе Қ. Р.Қ., ки ба ин ҳолат даст дошт, парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 289 қ 2 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, ба мақомоти тафтишоти пешакӣ пешниҳод гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста