Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ афроди дастдошта ба ҷинояти ғоратагии дар соли гузашта содиршударо ошкор намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, миёнаҳои моҳи октябри соли 2015 дар назди яке аз биноҳои истиқоматии кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанбе марди 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ саҳари барвақт аз пайи корҳои худ мерафт. Баногоҳ ду ҷавони тахминан 19-20-сола ба ӯ наздик шуда, бо хишти дар дасташон буда, ду маротиба ба қисмати сараш зада, маблағҳои пулии дар дасташдошта - 22000 рубли Федератсияи Россия ва 100 доллари амрикоиашро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия пас аз чанд рӯзи ҳодисаи рухдода ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Ҳисорро дар гумонбарӣ ба ҷинояти роҳзанӣ дастгир намуданд ва гумонбари дигар дар кофтуков қарор дошт.
Рӯзи 13 апрели соли ҷорӣ ба кормандони милитсия муаяссар шудааст, ки гумонбари дигари ҷинояти мазкурро низ дастгир намоянд. Номбурда, марди 20-солаи сокини ноҳияи Ҳисор мебошад, ки қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда, муддати муайян аз ҷавобгарӣ мегурехт.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста