Кормандони Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо намояндагони прокуратураи нақлиёти кишвар аз ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар баровардани асъори хориҷӣ ба маблағи 30 ҳазор доллари ИМА ҷилавгирӣ карданд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти хадамоти гумрук, зимни гузаронидани санҷиши такрории мусофирону бағочи хатсайри Душанбе - Урумчӣ (Чин) дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе назди зинапояи ҳавопаймо дар кисаи мусофир А.Саидов 30 ҳазор доллари ИМА ошкор шудааст.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин далел прокуратураи нақлиёти ҷумҳурӣ бо дастрасии моддаи 289, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (қочоқ) парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Гуфта мешавад, барои шаҳрвандони Тоҷикистон интиқоли асъори хориҷӣ то 3 ҳазор доллар иҷозат дода шуда, дар сурати аз ин бештар бо худ пул доштан ва ё фиристодан, бояд он ба расмиятдарории гумрукӣ (декларация) карда шавад ва мақсади интиқолу бо худ берун кардани пул мушаххас гуфта шавад.
Зимнан зикр мегардад, ки ин талабот барои шаҳрвандони хориҷӣ низ дахл дошта, онҳо низ ҳангоми кору фаъолият дар Тоҷикистон ин тартиботро бояд риоя кунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста