Нисбати роҳбари маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Қадамҷон Сафизодаи 34-сола, ки ҳанӯз 3 апрели соли ҷорӣ боздошт шуда будааст, суди пойтахт бо дастрасии моддаи 259, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Соҳибкории ғайриқонунӣ дар ҳайати гурӯҳи муташаккил) парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Шӯрои адлияи Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, аз рӯи дигар моддаҳои Кодекси ҷиноии ҶТ нисбати боздоштшуда парванда боз нашудааст.
Мутобиқи меъёрҳои моддаҳои амалкунандаи КҶ ҶТ, дар сурати аз ҷониби суд собит шудани гуноҳи Қ.Сафизода, ӯ дар ҳаҷми 12 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ ё ба муҳлати аз 3 то 5 сол аз озодӣ маҳрум шуда метавонад.
Қаблан иттилоъ дода будем , ки Қадамҷон Сафизода аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони порагирӣ боздошт шудааст.
Бо амри президенти Тоҷикистон аз 4 апрел Сафизода Қадамҷон Исмат аз вазифаи мудири маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии дастгоҳи иҷроияи президент бидуни зикри сабаб озод карда шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста