Имомхатиби масҷиди намози панҷгонаи ба номи «Имоми Аъзам»-и ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва чор нафар ҳаммаслаконӣ ӯ барои узвият дар сафҳои равияи динии мамнӯъ дар Тоҷикистон - Салафия маҳкум шуданд.
Боир Зоирзода, судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҳамзамон раиси ин мурофиа ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имомхатиби 58-сола Ҳамид Каримов ва ҳаммаслакони ӯ - Абдумаҷид Абдуқодирови 34-сола, Муҳаммадсаид Саидови 35-сола, Мирзомуҳаммад Раҳматови 32-сола ва Фарҳод Каримови 31-сола, ки ҳамаашон сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд, моҳи январи соли равон боздошт шудаанд.
«Имомхатиб масҷиди намози панҷгонаро ба ду қисмат тақсим намуда, дар якеаш ҷонибдоронаш ҷамъ омадаву ибодат мекардаанд ва ӯ ба онҳо афкори равияи салафияро таблиғ мекардааст. Дар қисмати дигар бошад, ибодати маъмулӣ сурат мегирифтааст. Ҷонибдоронаш дар хонааш ҳам ҷамъ мешудаанд», - иброз дошт судя.
Зимнан зикр гардид, ки имомхатиб ба 8 сол ва чор тан аз ҳаммаслаконаш ҳар кадоме ба 7 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста