Дар ҷараёни амалиёти «Такси» кормандони мақомоти пулиси шаҳри Маскав як зодаи Тоҷикистонро, ки ба гумони ҷалби одамон ба сафҳои созмони фаъолияташ мамнӯъ дар қаламрави Русия - Давлати исломӣ мавриди пайгард қарор дошт, боздошт намуданд.
Сардори Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав Анатолий Якунин гуфтааст, дар доираи ин амалиёт таксирон, зодаи Тоҷикистон, ки барои содир намудани ҷиноятҳои марбут ба ҷалби шаҳрвандон барои иштирок дар даргириҳои Сурия мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудаст, боздошт шуд.
Ба гуфтаи ӯ, 173 ҳазор нафар ронандагони автомашинаҳои сабукрави такси санҷида шуда, маълум шудааст, ки беш аз 40%-и таксиронҳо шаҳрвандони хориҷӣ ва маъмулан аз кишварҳои хориҷи наздик мебошанд.
«Миёни онҳо 902 нафарашон барои содир намудани ҷиноят, аз ҷумла 14 нафар барои куштор ва ҳамчунин афроди маҳкумшуда бо ҷурми таҷовуз ба номус ва гаравгонгирӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд», - иброз доштааст ӯ.
Гуфта мешавад, ғайр аз ин, кормандони пулис 304 нафар таксиронҳоро бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ ошкор намудаанд, ки бо шаҳодатномаҳои қалбакӣ ба мусофиркашонӣ машғул будаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста