Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини пойтахт Насим Хушвахтовро ба гумони пайвастан ба сафҳои Давлати исломӣ (ДИ) ба итмом расонид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, бо ҳалномаи суди ноҳияи Исомили Сомонӣ шаҳрванди номбурда аз рӯи қисми 3 моддаи 32 – моддаи 401. 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор эътироф гардида, ба 6 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.
Гуфта мешавад, маҳкумшуда моҳи марти соли гузашта муҳоҷират ба Русияро ихтиёр намуда, моҳи октябри ҳамин сол дар Маскав ҳамроҳ бо писари тағояш Заробиддини Раҳматуллозода дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо аъзои гурӯҳи террористӣ бо номҳои “Ахи” ва “Мусаб” мукотиба намуда, даъвати онҳоро оид ба иштирок дар гурӯҳи экстремистӣ-террористии “Давлати Исломӣ”қабул ва ҷонибдорӣ кардааст.
Сипас, ӯ бо мақсади аъзои ин гурӯҳи террористӣ шудан ва дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия иштирок намудан, 3 феврали соли 2016 тавассути хатсайри Москва - Истамбул ба давлати Туркия парвоз карданӣ шуда, аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти Федератсияи Россия дастгир ва ба ихтиёри мақомоти Тоҷикистон супурда шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста