Дар шаҳри Перми Русия 2 шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар қатли мудири тиҷоратӣ (топ-менеҷер)-и корхонаи бахши мудофиаи Русия - ҶП «Кирас» Юрий Чубаев боздошт шудаанд.
Бино ба маълумоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Перм, рӯзи 24 апрел ҷасади Юрий Чубарев бо аломатҳои марги маҷбурӣ ва зарбаҳои корд дар манзили зисташ дарёфт шуда, ба гумони содир намудани ин ҷиноят шаҳрванди 34-солаи хориҷӣ боздошт ва айни ҳол фарзияи дар ин ҷинят даст доштани боз ду шиноси ӯ санҷида мешавад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои ВАО-и маҳаллӣ, «ба гумони даст доштан дар куштор ду тоҷик боздошт шудаанд, ки ин ҷиноятро ба хотири соҳиб шудан ба смартфон ва 120 ҳазор маблағи пулӣ содир кардаанд».
Ҳамкорони марҳум ба «В курсе.ру» изҳор доштаанд, ки Юрий Чубаев яке аз муасссиони корхона маҳсуб ёфта, дар бунёд ва пешбурди маснӯоти нодир барои наҷоти ҳаёти одамон ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст ва ҳамчун роҳбари салоҳиятдору ташаббускор миёни ҳамкорон ва фармоишгарон обрӯву нуфузи хосса дошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста