Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон далели марги сокини 22-солаи шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Қурбонмадовро, ки ба гуфтаи хешонаш бар асари лату кӯб фавтидааст, мавриди санҷиш қарор додааст.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Омбудсмен, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳодисаи марги сарбози қисми низомии 02011-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Қурбонмадов бо Прокурори Ҳарбии гарнизони минтақаи Рашт полковник Собирзода Идибег дар тамос шуда, маълум шудааст, ки тибқи санҷиши пешакӣ Қурбонмадов Б. аз сактаи дил вафот кардааст.
Ба иттилои манбаъ, айни ҳол оид ба қазияи мазкур санҷиши прокурорӣ давом дошат, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти тафтишоти қазияи мазкурро зери назорат гирифтааст.
Ёдрас мекунем, ки санаи 20 апрел Радиои Озодӣ дар ин робита иттилоъ дода буд , ки ҷасади Бахтиёр Қурмонмадов, сокини 22-солаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 19 апрел ва ҳамагӣ баъд аз панҷ рӯзи ба хидмати сарбозӣ рафтанаш ба хонаашон оварда шуд. Ин донишҷӯи факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавсими имсолаи баҳории даъват ба артиш довталабона ба хидмат рафт ва даврони сарбозиро дар қисми низомии 02011-и Вазорати дифоъ дар Рашт оғоз карда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста