Суди олии Чеченистон ҳукм нисбати сокини Тоҷикистонро, ки ба куштани ҳамсараш суиқасд карда буд, бетағйир боқӣ гузошт.
Бино ба маълумоти прокуратураи Русия дар Ҳавзаи федералии Қафқози шимолӣ, Суди олии Чеченистон аризаи таҷдиди назар (апеллятсионӣ)-и шаҳрванди Тоҷикистон Имомиддин Давидовро, ки аз ҷониби суди ноҳияи Ленини шаҳри Грозний барои суиқсад ба куштори ҳамсараш ба 7 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуда буд, баррасӣ намуд.
Гуфта мешавад, вақте Давидов мефаҳмад, ки ҳамсараш бидуни ӯро огоҳ кардан кӯдакони хурдсолро дар Тоҷикистон монда, барои кор дар нуқтаи шустушӯйи автомашинаҳо ба Грозний омадааст, бо занаш муноқиша карда, ҳангоми ҷанҷол бар асари рашк ба ӯ бо корд 13 зарба задааст. Хушбахтона, зан зинда мондааст.
Дар мурофиа мард изҳор доштааст, ки ҳамсарашро куштанӣ набуда, танҳо тарсониданӣ ва ақлашро ба ҷояш оварданӣ будааст. Зани зиндамондааш низ дархост кардааст, ки ҷазо сабуктар карда шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста