Мақомоти прокуратура нисбати ҷангалдори хоҷагии ҷангали ноҳияи Ҳисор А.Бобокалонов барои ғайриқонунӣ буридани дарахтон мутобиқи моддаи 234-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, ҷангалбон бо истифода аз мақоми хизматӣ ахири соли гузашта дар ҷангалзори минтақаи Алмосӣ ду адад дарахти дар сабзиш қарордоштаи навъи акатсияро ғайриқонунӣ бурида, ба хоҷагии ҷангал 1 ҳазору 560 сомонӣ зарар расонидааст.
Мутобиқи меъёрҳои ин модда, ба ҷангалбон ҷарима дар ҳаҷми 32 то 40 ҳазор сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ё бидуни он ё ҳабс ба муҳлати аз ду то шаш моҳ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо пешбинӣ шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Мухбир2 май, 2016 17:19
Дар даромади Шамал поёнтар аз оби Хоҷа мастон як Блок пост фаъолият мекунад, ки агар аз ҳамон роҳ пашша гузар намояд пул барои гузаргоҳ талаб мекунанд. Агар ту кистию чӣ кор мекунӣ гӯед, ба саратон чунон даву дод мегӯянд, ки гӯё аз роҳи ба онҳо падармерос мондашуда мегузашта бошед. Ҳаст ягон мақом, ки пушти ин роҳзанҳо гардад ё агар амали онҳо қонунӣ бошад, пас кассаву чекаш ку??
abdullah1 май, 2016 23:28
Барои 2 дарахт 32 то 40.000 Садамаи писари Хукумов бо 3 халок шуда 2 мачрух 120 сомони. Мантик кучост? . Чони одам 40 сомон, дарахт 16.000?