Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе дар якҷояги бо кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар яке аз нуқтаҳои фуруши маркази савдои ҶСК «Фаровон» 56 тонна шириниҳои мӯҳлаташон гузашта боздошт гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҶТ, зимни санҷиш муайян гардид, ки вазни умумии он дар маҷмӯъ 56 тоннаю 612 килограмм маҳсулоти қаннодию бозичаҳои кӯдаконаро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 46 ҳазору 612 тоннаи онро маҳсулоти қаннодӣ ва боқимонда 10 ҳазор тоннаи онро бозичаҳои кӯдаконаи истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин ташкил медиҳад. Мӯҳлати истифодабарии маҳсулоти номбурда пурра гузашта шуда, ба таври қочоқ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.
Ҳангоми тафтишот маълум гардид, ки маҳсулоти қанноди аз 138 номгӯй иборат буда, муҳлати барориши маҳсулоти номбурда аз соли 2008 то 2015-ро дар бар мегирад, ки аллакай ғайриистеъмол ва ба саломатии кудакон хатарнок мебошад.
Маҳсулоти номбурда тибқи ташхиси лаборатории Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидиомологӣ бинобар сабаби ба талабот ҷавобгуй набудан истеъмоли он ба саломатии инсон хатарнок арзёбӣ гардид.
Маҳсулоти ошкоргардида бо риояи тартиби муқарраргардида аз нуқтаи савдо пурра гирифта шуда дар анбори Раёсати молияви хоҷагидории Хадамоти гумрук ҷойгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса нисбат ба соҳибкорзан З.Н. парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, аз рӯи тобеият ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста