Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки гумонбари асосӣ ба қатли 6 нафар дар вилояти Самараи Русия изҳор доштааст, ки ӯ дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳкор нест.
Дар маълумоти дар ин робита интишоршуда дар сомонаи ВКд Тоҷикистон гуфта мешавад, ҳафтаи равон шаҳрванди Тоҷикистон Маҳмадалӣ Аҳмадов ба Вазорат ҳозир шуда, иброз доштааст, ки воситаҳои ахбори Русия ӯро дар куштори оилаи Андрей Гошта, корманди мақомоти корҳои дохилии Русия дар вилояти Самара гумонбар донистаанд.
Номбурда таъкид намудааст, ки ӯ дар ин ҷинояти вазнин даст надорад ва барои гуфтаҳои худро собит намудан, ӯ ба ин кишвар бармегардад.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки бинобар сабаби дар ҷустуҷӯ қарор надоштан ва аз мақомоти Русия ворид нагардидани дархост оид ба дастгир кардани Маҳмадалӣ Аҳмадов, ӯ тавассути нақлиёти ҳавоӣ ба Русия баргаштааст.
Қаблан Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон маълумот дар бораи боздошти гумонбари асосӣ дар куштори 6 нафар дар ноҳияи Сизрани вилояти Самараи Русия Маҳмадалӣ Маҳмадалӣ Маҳмадовро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон рад кард.
Пеш аз ин ВАО-и Русия бо истинод ба сардори мақомоти пулиси вилояти Самара Сергей Солодовников хабар дода буданд , ки гумонбари асосӣ ба қатли собиқ сардор пулиси Сизран полковник Андрей Гошт ва аъзои оилаи ӯ Маҳмадалӣ Аҳмадов зимни кӯшиши убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Афғонистон боздошт шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста