Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон маълумот дар бораи боздошти гумонбари асосӣ дар куштори 6 нафар дар ноҳияи Сизрани вилояти Самараи Русия Маҳмадалӣ Маҳмадалӣ Маҳмадовро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон рад мекунад.

«Дар ҳеҷ кадоме аз гузаргоҳҳои марзӣ вуруди ин шахс ба қаламрави Тоҷикистон сабт нашудааст», - гуфт ба Азия Плюс» сухангӯи Сарраёсати мазкур Муҳаммад Улуғхоҷаев. - Мутаносибан М.Аҳмадов дар марзи Тоҷикистну Афғонистон боздошт шуда наметавонист».

Номбурда ҳамчунин имкони вуруди ғайриқонунии Аҳмадов ба қаламрави ҷумҳуриро низ рад мекунад.

Қаблан ВАО-и Русия  бо истинод ба сардори мақомоти пулиси вилояти Самара Сергей Солодовников хабар дода буданд , ки гумонбари асосӣ ба қатли собиқ сардор пулиси Сизран полковник Андрей Гошт ва аъзои оилаи ӯ Маҳмадалӣ Аҳмадов зимни кӯшиши убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Афғонистон боздошт шудааст.

Қобили зикр аст, ки истирдоди шаҳрвандони тоҷик ба хориҷи кишвар тибқи қонунҳои Тоҷикистон манъ аст. Рӯзи 3 май дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов дар ин робита изҳор намудааст, ки маълумоти дар матбуот интишоршуда роҷеъ ба имкони иштироки шаҳрванди Тоҷикистон дар ин куштор мавриди санҷиш қарор дорад ва масъалаи ба мақомоти Русия супурдани гумонбар дар сурати ҳабси ӯ, ба гуфтаи Садриддинов, баъди ошкор кардани ҳамаи ҳолатҳои марбут ба ин ҳодиса ҳаллу фасл мешавад.