Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сокини ноҳияи Қубодиён Сафаралӣ Ҳасановро барои робита доштан бо созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъи «Гурӯҳи 24» ва таблиғи афкори ин созмон мутобиқи моддаи 307, дараҷаи 1, қ. 2-и КҶ ҶТ (Ташкили иттиҳоди ифротгаро) гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар доданд, тибқи маълумоти тафтишот маҳкумшуда 16 ноябри соли 2014 дар ҷаласаи аъзои созмони ифротгаро иштирок кардаааст. «Он вақт иштирокчиёни ин вохӯрӣ аз муҳоҷирони тоҷик даъват карда буданд, ки ба гирдиҳамойӣ даст зада, истеъфои раҳбарияти кишварро талаб намоянд. Ҳасановро моҳи январи соли 2015 кормандони мақомоти амният зимни ба Тоҷикистон омаданаш боздошт намуданд», - гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки тирамоҳи соли 2014 созмони «Гурӯҳи 24» дар Тоҷикистон ифротгаро эълон шуда, фаъолияти он дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда шуд. Моҳи марти соли гузашта роҳбари он - Умаралӣ Қувватов дар Истамбул кушта шуд.