Зимни як амалиёти муваффақонаи муштараки марзбонони Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҷумҳурӣ дар ноҳияи Дарвози ВМКБ, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, миқдори зиёди маводи мухаддир мусодира шуд.
Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев дар ин робита иттилоъ дод, ки барои даст доштан ба интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба қаламрави ВМКБ сокини 23-солаи Афғонистон Абдулбоқӣ валади Ҳоҷӣ дастгир шуда, аз ӯ 9 кило маводи мухаддири афюн ва 9 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст.
Зимнан зикр гардид, ки нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста