Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сокини шаҳри Душанберо ба 8 соли зиндони низомаш умумӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 3 сол маҳкум кард.
Бино ба иттилои суди ноҳияи мазкур, сокинони шаҳри Душанбе Тоҷинисо Холова ва Ислом бо лақаби «Полковник» ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд (моддаи 247 КҶ ҶТ) гунаҳкор дониста шудаанд. Мурофиа таҳти раёсати судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷӯрабек Ширинзода баргузор шудааст.
Ба иттилои манбаъ, муайян карда шудааст, ки онҳо давоми моҳҳои январ-феврали соли 2012 ба боварии шаҳрванд Чинниев даромада, аз ӯ бо ваъдаи дохил намудани ҷияни рафиқаш ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 14 ҳазор доллари ИМА маблағ мегиранд.
Гуфта мешавад, вале онҳо ба ваъда вафо накарда, маблағи бо роҳи фиреб ба даст овардаашонро ба манфиатҳои шахсиашон сарф мекунанд ва бо ин роҳ ба Чинниев зарари махсусан калони моддӣ расонидаанд. Дар мурофиаи судӣ гуноҳи айбдошавандагон исбот шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста