Кормандони милитсия марди 21-сола, донишҷӯи курси 2-юми яке аз Донишкадаҳои пойтахт ва ноболиғи 15-сола, хонандаи синфи 9-уми мактаби таҳсилоти умумӣ, ҳарду сокинони ш.Душанберо бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, номбурдаҳо рӯзи 24 май бо тариқи зӯроварӣ аз ноболиғ, ҷавони 15-солаи сокини шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 8-уми мактаби таҳсилоти умумӣ, як ҷуфт пойафзол, ки арзишаш 170-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Гуфта мешавад, ҳамин рӯз шахсони номаълуми ниқобпӯш ғайриқонунӣ вориди анборхонаи доруҳои минералии хоҷагии ба номи Ниёзмаҳмад Бегови ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ.Балхӣ шуда, посбони амборхонаи мазкур, марди 65-солаи сокини ҳамин ноҳияро зери лату кӯб қарор дода, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Нокия”, ки арзишаш 80-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ду марди 26 ва 36-солаи сокинони ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далелҳои мазкур парвнадаи ҷиноӣ боз шуд, тафтишот идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста