Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ду ҷияни Ҳумайро Мирова, ҳамсари дуюми полковники ба Давлати исломӣ фироркарда Гулмурод Ҳалимовро ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Судя Ғайрат Сангинзода зимни қироати ҳукм зикр кард, ки «Зайниддин Тоҳирӣ ва Сайфулло Салимзода ба Ҳумайро Мирова ва чор кӯдаки ӯ барои ба Ироқ рафтан назди ҳамзисташ полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов ва пайвастан ба сафи гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» дар Сурия кумак кардаанд».

«Онҳо Мироваро аз шаҳри Ваҳдат бо худ гирифта, аз Душанбе тариқи таксӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд раҳсипор кардаанд, то ки аз он ҷо минбаъд ӯ тавассути ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ба Ироқ сафар кунад», - гуфт судя.

Охири моҳи феврали соли ҷорӣ иттилоъ дода будем , ки Ҳумайро Мирова, ҳамсари дуюми полковники ба Давлати исломӣ фироркарда Гулмурод Ҳалимов ҳамроҳ бо 4 кӯдакаш ба Сурия рафта, ба сафи аъзои ба ном «Давлати исломӣ» пайвастааст. Дар ин бора  Радиои Озодӣ  бо такя ба манбаъи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дода буд.

Ҳумайро Мирова то соли 2015 дар дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, замони раҳбарии писари президент Рустами Эмомалӣ ба ин ниҳод кор карда, рутбаи капитанӣдоштааст.

Аввали соли 2015 ӯ барои таваллуди фарзанд ба рухсатӣ баромада, писар ба дунё овардааст. Ҳарҷанд қаблан алоқааш бо Гулмурод Ҳалимовро, замони сардори Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД будани ӯ пинҳон намедошт, аммо аллакай баъди фирори полковник ба Сурия, дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» алоқа доштанаш бо Гулмурод Ҳалимовро рад карда буд.

Ҳумайро Мирова соли 2008 дар маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуда, дар ҳамин ҷо бо Гулмурод Ҳалимов, ки дар Дастаи таъиноти махсуси милисаи ВКД ҶТ кор мекард, шинос мешавад. Сипас бо ӯ издивоҷ намуда, ҳамсари дуюм мешавад ва аз ӯ 4 фарзанд таваллуд мекунад.

Ёдрас мекунем, ки фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимови 40-сола ахири моҳи апрели соли 2015 бедарак шуд. Ӯ дар ҷойи кор пайдо нашуда, макони будубошаш ҳам ба касе маълум набуд. Расо баъди як моҳ полковник аз худ дарак дод. Дар шабака навори видеоии 12-дақиқаинаи муроҷиати Ҳалимов бо забони русӣ интишор шуд.

Дар ин навор ӯ ҳикоят кард, ки ба нишони эътироз алайҳи тарзу усулҳои кор дар ВКД ба сафи «Давлати исломӣ» пайвастааст. Ӯ ҳамчунин доир ба омодагӣ ва омӯзишаш дар давраҳои таълимӣ дар ИМА низ маълумот дода буд.

Қобили зикр аст, ки нисбат ба полковник дар Тоҷикистон мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудааст.