Кормандони милитсияи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 29 май шаҳрванди 52-солаи Афғонистон, сокини шаҳри Кобулро, ки муваққатан дар пойтахти Тоҷикистон иқомат доштааст, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, гумонбаршуда бо маслиҳати пешакӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чӯбеки ноҳияи Ҳамадонӣ бо ҳаммаслаконаш маводи мухаддирро пинҳон кардаанд.
«Дар вақти гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ аз мавзеи пинҳонкардашудаи ҷинояткорон 40 килою 600 грамм маводи нашъадори навъи “ҳашиш” дарёфт ва мусодира карда шуд», - омадааст дар маълумоти ВКД.
Гуфта мешавад, барои муайян ва дастгир кардани ҳаммаслакони гумонбаршуда чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дошта, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишот давом дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста