Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия нисбати панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳодисаи занозании оммавӣ дар қабристони Хованскоеи шаҳри Маскав иштирок кардаанд, парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Бино ба маълумоти «Новая газета », нисбати коргарони тоҷик мутобиқи моддаҳои 213 (Авбошӣ) ва 167 (Барқасдона нобуд кардан ва зарар расонидан ба амвол)-и КҶ Русия парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.
Гуфта мешавад, санаи 29 май аз 22 нафар боздоштшудагони коргарони оромгоҳ - шаҳрвандони Тоҷикистон барои майдаавбошӣ, муҳлати ҷазои маъмурии 17 тан аз онҳо ба охир расида, суди Твери шаҳри Маскав муҳлати ҳабси панҷ нафари онҳоро ду моҳ дароз кардааст.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, додгоҳ гуфтааст, ҳамаи панҷ нафар - Ҷомӣ Чақалов, Шоҳимардон Аҳмадов, Раҳмиддин Садриддинов, Ҳоҷиқурбон Бӯриев ва Диловар Юнусов то замони таҳқиқи парвандаи ҷиноиашон бояд дар боздоштгоҳ бимонанд.
Ҳамкорони муҳоҷирони боздоштшуда аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардаанд, ки ба муҳоҷирон кумак расонанд, то дар ҷараёни тафтишоту мурофиаи додгоҳӣ ҳуқуқҳои онҳо поймол нашаванд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 май бо иштироки беш аз 200 нафар дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав ҷанҷолу занозании оммавӣ бо тирпарронӣ сурат гирифта, бар асари он се нафар тоҷикистониён ҳалок ва беш аз 20 нафари онҳо ҷароҳат бардоштанд.
Айни замон мақомоти пулиси шаҳри Маскав дар пайи ошкор сохтани макони гирдиҳамоии издиҳоми афроди аз хориҷа воридшуда мебошанд, ки дар ин ҷойҳо сар задани бетартибиҳо аз норозигии ҳазорон муҳоҷирон имкон дорад.
Қаблан иттилоъ дода будем , ки мақомоти тафтишот аз эҳтимол дур намедонад, ки роҳбари қабристони Хованское Юрий Чабуев 50%-и даромади муҳоҷирони тоҷики ғайриқонунӣ фаъолиятдоштаро аз худ карданӣ будааст.
Собиқ директори оромгоҳи Хованское ба ташкили занозанӣ дар ин қабристон иқрор шуд. Юрий Чабуев изҳор дошт, ки муҳоҷирони тоҷик дар оромгоҳ бидуни иҷозатнома кор карда, барои ҳалли ин мушкилот ӯ «бачаҳои варзишгар»-ро даъват кардааст ва онҳо мебоист коргарони тоҷикро аз қаламрави қабристон берун мекарданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста