Суди олии Тоҷикистон имрӯз муовинони раиси Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайитро ба ҳабси абад маҳкум кард.
Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалии Ҳайит хабар дода, изҳор дошт, ки «онҳоро фиреб додаанд, зеро қаблан гуфтаанд, ки ҳукм рӯзҳои 4-5 июн эълон мешавад. «Имрӯз ба мо занг зада, гуфтанд, ки барои шунидани қироати ҳукм биёед», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи номбурда, ягона зан миёни судшавандагон - ҳуқуқшиноси ҳизб Зарафо Раҳмонӣ ба 2 соли зиндон маҳкум шудааст.
Саттор Каримов, Раҳматуллои Раҷаб, Қиёмиддини Аваз ва Абдуқаҳҳори Давлат ҳар кадоме ба 28 соли зиндон маҳкум шуда, Зубайдулло Розиқ - 25 сол, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад - 23 сол, Воҳидхони Қосиддин ва Саъдиддини Рустам - ҳар кадоме 20 сол, сардабири нашрияи ҳизбии «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода - 16 сол, Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов - ҳар кадоме 14 сол аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.
Мурофиаи судӣ нисбати 13 узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ 24 феврали соли 2016 шурӯъ шуда, он пушти дарҳои пӯшида ҷараён дорад. Радиои Озодӣ 6 апрел бо истинод ба раиси мурофиаи мазкур судяи Суди олии иттилоъ дода буд , ки мурофиаи 13 узви баландпояи ҲНИТ ба поён расида, ҳайати додгоҳ ба хотири судури ҳукм дар хонаи машваратӣ қарор дорад.
Ҳамаи 13 узви фаъоли ҲНИТ 16 сентябри соли гузашта боздошт ва баъди ду ҳафта Суди олӣ ин ҳизбро ифротгаро ва террористӣ эътироф намуд. Бо қарори суд чопи нашрияи ҳизбии «Наҷот» қатъ карда шуда, сомонаи расмии ҳизб низ баста шуд.
ҲНИТ ва роҳбари онро, ки айни замон дар хориҷи кишвар қарор дорад, ба ташкил ва маблағгузорӣ ба табаддулоти давлатӣ айбдор карданд, ки онро собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) санаи 4 сентябр амалӣ карданӣ буд.
Ин исён саркӯб шуда, иштирокчиёни асосии он, аз ҷумла Ҳоҷӣ Ҳалим низ кушта шуд. Нисбати онҳо мутобиқи моддаҳои 3-14-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбномаҳо пешниҳод шуданд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста