Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе панҷ тан аз пайвандону наздикони фаъолони Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки санаи 2 июн нисбаташон ҳукми суд содир шуд, ҷарима баст.
Ба гуфтаи Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит, онҳо барои «итоат накардан ба талаботи кормандони милитсия» ҷаримабандӣ шудаанд.
«Ман ва ҳамсарони маҳкумшудагон Раҳматуллои Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ ва боз ду нафари дигар баъди эълони ҳукми Суди олии Тоҷикистон ният кардем, ки ба бинои намояндагии СММ дар Душанбе ворид шавем, то ки аз мутахассисон машварат гирем, вале кормандони милитсия моро дар назди бино боздошта, ба шуъбаи ноҳиявии милитсия оваранд», - иброз дошт Ҷӯраева.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки кормандони милитсия аз онҳо сабаби муроҷиаташонро ба намояндагии СММ пурсида, «маслиҳат доданд, ки аз рӯи масъалаи ҳукм ба наздиконамон шикояти кассатсионӣ пешниҳод намоем». «Сипас моро ба суди ноҳия оварда, ҳар кадомамонро дар ҳаҷми 40 сомонӣ ҷарима карданд», - афзуд С.Ҷӯраева.
Ёдрас мекунем, ки Суди олии Тоҷикистон санаи 2 июн нисбати фаъолони боздоштшудаи ҲНИТ ҳукм содир намуда , муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайитро ба ҳабси абад маҳкум кард.




16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста