Сокини 23-солаи шаҳри Душанбе Ислом Иззатов барои қатли ҳамсоязани 44-сола ва кӯшиши куштани писари 13-солаи ӯ ба 25 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.
Бино ба маълумоти суди шаҳри Душанбе, 17 сентябри соли гузашта маҳкумшуда ба манзили ҳамсоязан, сокини кӯчаи Намангон ворид шуда, бо корд ба ҷисми зан якчандзарба мезанад, ки ӯ аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Сипас ӯ ба писари 13-солаи зан низ бо корд 4 зарба зада, ноболиғ дар бемористон бистарӣ мешавад.
Гуфта мешавад, маҳкумшуда бинобар сабаби шикояти ҳамсоязан ба ҳокимияти маҳаллӣ доир ба вайрон шудани таҳкурсии хонааш аз обпартоҳои манзили Иззатов ба ин ҷиноят даст задааст.
Зимнан зикр мегардад, ки келини хонадон, ҳамсари бародари судшуда Алифмо Шарипова низ барои хабар надодан дар бораи ҷиноят ба 2 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста