Барои ғорати анбори ҶДММ «Озум» дар ҷамоати Россияи ноҳияи Рӯдакӣ, бо ҳукми суд 3 сокини маҳаллӣ ба 18 ва 16 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, номбурдагон дар асоси маслиҳати пешакӣ шаби 20 ба 21 ноябри соли 2015, ба назди ҶДММ «Озум», воқеъ дар деҳаи Чилмеҳроби, ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ омада, бо воситаи болои девори корхонаи мазкур ғайриқонунӣ вориди бино мешаванд.
«Дар он ҷо ба посбони ин ширкат Мирзобеков Бӯрӣ ҳуҷум ва нисбаташ таҳдиди паррондан карда, бо скотч дасту пой ва даҳонашро мебанданд. Сипас телефони мобилияш тамғаи «Нокия» арзишаш 180 сомониро тасарруф намуда, тирезаи ҳуҷраи кории ҶДММ «Озум»-ро мешикананд ва вориди ҳуҷраи корӣ гашта, қулфи ҷевони оҳанини дар он ҷой бударо бо воситаи ломи оҳанин шикаста, аз дохили ҷевон ба миқдори 10 ҳазору 370 доллари ИМА ва 16 ҳазору 500 сомониро тасарруф намудаанд», - омадааст дар маълумоти Прокуратураи генералӣ.
Зимнан зикр мегардад, ки бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ А.Каримов ба муҳлати 18 сол, Ҳ.Давлатов ва Б.Бурҳонов ҳар кадоме ба муҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста