Ҳамаи 13 нафар аъзои маҳкумшудаи Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 10 июн ба тавқифгоҳҳои тафтишотӣ (СИЗО)-и КДАМ ва Вазорати адлияи Тоҷикистон гузаронида шуданд.
Муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайит, ки ба ҳукми ҳабси абад маҳкум шудаанд, то охири умр дар ҳуҷраи махсуси барои ин гуна маҳбусон пешбинишудаи Вазорати адлия қарор хоҳанд дошт.
Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки адвокат Ҷамшед Ёров рӯзи 14 июн барои вохӯрӣ бо М.Ҳайит аз Суди олӣ иҷозатнома гирифта, вале адвокатро ба вохӯрӣ роҳ надодаву гуфтаанд, ки барои ин ҳеҷ зарурате ҷой надорад.
«Намояндагони тавқифгоҳи тафтишотии Вазорати адлия ҳамчунин гуфтаанд, М.Ҳайит аллакай бо ҳукми Суди олӣ шинос шуда,рӯзи 10 июн аз болои он шикояти кассатсионӣ пешниҳод кардааст», - гуфт С.Ҷӯраева бо такя ба суханони адвокат.
Ёдрас мекунем, ки Суди олии Тоҷикистон санаи 2 июн нисбати фаъолони боздоштшудаи ҲНИТ ҳукм содир намуда , муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайитро ба ҳабси абад маҳкум кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста