Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Вилнюс ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд.
Бино ба иттилои торнамои l24.lt -и Литва, аз боздоштшудагон беш аз 12 кило маводи мухаддири сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира шудааст, ки нархи яклухти он дар бозор ба беш аз 400 ҳазор евро баробар аст.
Гуфта мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистон ба харидории автомашинаҳо дар Литва ва сипас интиқол додани онҳо ба кишварҳои ИДМ машғул буда, маводи мухаддир дар пинҳонгоҳҳои автомашинаҳо дарёфт шудааст. Онҳо шаби 14 июн дар шоҳроҳи автомобилии Каунас-Вилнюс дастгир шудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки ин амалиёт дар се шаҳр - Вилнюс, Каунас ва Мариямпол сурат гирифта, айни замон боздоштшудагон таҳти ҳабс қарор доранд ва афзудани шумори боздоштшудагон аз рӯи ин ҳодиса аз эҳтимол дур нест.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста