Палатаи поёнии парлумон имрӯз тағироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуд.
Зимни шарҳи масъала ба вакилон муовини аввали вазири корҳои дохилиии ҷумҳурӣ Абдураҳмон Аламшозода қайд кард, ки тағйироту иловахо ба пурзӯр кардани тадбирҳо нисбати ронандагоне, ки бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ сари чамбарак менишинанд ё дар ҳолати сархушиву мастӣ аз машрубот сари чамбарак қарор доранд ва ё бо рақамҳои бегонаву сохтаи давлатӣ автомашина меронанд, равона шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, беш аз 85% қонуншиканиҳо дар ҷумҳурӣ бо истифода аз автомашинаҳо содир шуда, соли гузашта шумори онҳо беш аз 2,5 млн. ададро ташкил додааст. «Шахсоне, ки бо рақамҳои бегонаву сохтаи давлатӣ автомашина меронанд, ба ин васила барои вайрон кардани қоидахои ҳаракат дар роҳ ҷарима пардохт карданӣ нестанд», - гуфт номбурда.
А.Аламшозода зикр кард, ки мутобиқи тағйироту иловаҳо, ҳаҷми ҷарима барои қонуншиканиҳои дар боло зикршуда афзуда мешаванд ва агар ин амалҳо такроран содир гарданд, пас шахсони қонуншиканро метавон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашид.
Дар ҳамин ҳол, ӯ аз ифшои навъу ҳаҷми ҷаримаҳо ва муҳлатҳои аз озодӣ маҳрум сохтани ронандагон барои содир кардани ин амалҳо худдорӣ варзид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста