Суди шаҳри Душанбе Обид Мақсудов, писари директори корхонаи кабели Тоҷикистон Эмом Мақсудовро, ки бештар чун Эмом Хубак маъруф аст, барои куштани Зафар Азимов , бештар маъруф бо лақаби «Зафар Бедняк» ба 23 соли зиндон маҳкум кард.
Аз суди шаҳри Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ӯ дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104, қ. 2 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор дониста шуда, қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои ӯ 24 соли зиндонро дархост карда буд.
Ёдрас мекунем, ки зимни баёнот додан Обид Мақсудов изҳор карда буд, ки сабаби куштани З.Азимов дар он аст, ки аз ӯ ба маблағи зиёд қарздор будааст. «Ӯ ба ман 110 ҳазор доллари ИМА қарздор буд. Ман ба ӯ инро фаҳмониданӣ шудам, вале ӯ ба гапҳои ман гӯш надода, ҳатто ба ман дағалӣ кард. Баъди ин ман дигар худро идора карда натавонистам», - иқрор шуда буд он замон Обид Мақсудов, ки соҳибкорро аз дилаш захмӣ карда, дар натиҷа ӯ дар бемористон ба ҳалокат расид.
Бино ба маълумоти ВКД, Обид Мақсудови 32-сола қаблан мутобиқи моддаи 237, қ 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Авбошӣ) маҳкум шуда будааст.
Зафар Азимови 38-сола ба тиҷорат дар бахшҳои сохтмону хариду фурӯши автомашинаҳои тамғаҳои гаронбаҳои хориҷӣ машғул буд. Ӯ миёни ҷомеа бо лақаби «Зафар-бедняк» маъруфият дошт.
Ҳамчунин маълум аст, ки Файзулло Азимов, падари Зафар замони шӯравӣ дар ноҳияи Маскав (феълан Ҳамадонӣ) ба ҳайси агроном кор карда, сипас ба соҳибкорӣ рӯ овард. Дар ноҳияи Ҳамадонӣ оилаи Азимовҳо маркази савдо ва якчанд мағозаҳои бузургро дар ихтиёр доранд.
Дар акс Обид Мақсудови 32-сола, ки шахсро барои қарз ба маблағи 110 ҳазор доллари ИМА кушт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста