Дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мурофиаи судӣ оид ба баррасии парванда нисбаи ду нафар сокинони вилоят ба гумони узвият дар созмони ифротграоии динии «Салафия» оғоз гардид.
Аз суди ноҳияи мазкур ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки сокинони деҳаи Ғозиён К.Д. ва С.А., соли таваллудашон 1975 ва 1988 мутобиқи моддаи 307, қ. 2, эзоҳи 3 айбдор карда шуда, ду моҳ пеш аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки ҷараёни мазҳабии «Салафия», ки фаъолияташро аввали соли 2009 Суди олии ҷумҳурӣ манъ карда буд, гурӯҳи ифротгаро дар Тоҷикистон эътироф шуд.
Қобили зикр аст, ки ҳукми нахуст нисбати тарафдорони ҷараёни «Салафия» дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2010 аз ҷониби суди ноҳияи Сино содир гардида буд. Бо ин ҳукм 7 нафар – Сироҷиддин Абдураҳмонов, яке аз ҷонибдорони маъруфи ин ҷараён, Киромиддин Абдураҳмонов, писари ӯ ва ҳамчунин Абдураҳмон Абдураҳимов, Муҳаммадраҷаб Наврӯзов, Шаҳобиддин Саидов, Музаффар Файзуллоев ва Икромиддин Юсуфов маҳкум шуда буданд.
Айни замон дар қаламрави Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳу созмонҳои ифротгарову террористие чун «Ал-Қоида», Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, «Ҷамоати Таблиғ», «Толибон», «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут Таҳрир», Гурӯҳи 24» ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста