Шаҳрванди Тоҷикистон Амонулло Яҳёхӯҷаевро мақомоти интизомии шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 318, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ин кишвар (истифодаи зӯроварӣ нисбати намояндаи ҳокимият) айбдор медонанд.
Бино ба иттилои MR7.ru, мақомоти тафтишот муайян кардааст, ки айбдоршаванда зимни идораи автомашинаи тамғаи Opel, нозири Раёсати ВКД дар ноҳияи Маскавро пахш намуда, баъди ин ӯро ба масофаи 50 метр дар қисмати болои автомашинааш (капоташ) кашола карда бурдааст, ки бар асари он корманди пулис ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардоштааст.
Гуфта мешавад, ронанда кӯшиш кардааст, ки аз ҷойи ҳодиса гурехта, аз масъулияти маъмурӣ оид ба фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир сарпечӣ намояд.
Зимнан зикр мегардад, ки парванда ҷиҳати моҳиятан баррасӣ шудан ба суд фиристода шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста