Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он дар Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ нишасти матбуотӣ доир ба Маърӯзаи умумиҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2016 баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Агентӣ, Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон, рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ иштирок намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти АНМН, иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон Юсуф Қурбонов табрикоти Директори Иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ю. Федовро ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он қироат намуда, Маърӯзаи умумиҷаҳонии СММ-ро оид ба маводи нашъаовар дар ҷаҳон муаррифӣ намуд.
Дар Маърӯза тағйиротҳои охирин дар бозори маводи нашъаовари манъшуда, истеҳсоли маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ дар Афғонистон, мусодираи маводи нашъаовар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, истеҳсолот ва истеъмоли маводи нашъаовар шарҳ дода шуд.
Масирҳои асосии интиқоли маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ, инчунин масъалаҳои истеъмоли маводи нашъаовар, зарари он ба ҷисми инсон, рушди алтернативӣ, ба мисли стратегияи дарозмуддати мубориза бар зидди парвариши растаниҳои нашъадор таҳлил карда шуданд.
Журналистон дар мавзӯи ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, мушкилоти истеъмоли маводи нашъаовар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ саволҳои мушаххас доданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста