Қамариддин Афзалӣ, раҳбари бахши хатлонии ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, рӯзи 28 июн аз боздоштгоҳе дар Истанбул раҳо шудааст. Наздикони Афзалӣ 29 июн гуфтанд, мақомоти интизомии Туркия асосан санади будубоши ӯро тафтиш карда, ба далели наёфтани иштибоҳ раҳояш намудаанд.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ , аммо пойгоҳҳои марбут ба мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа навиштаанд, ӯ бар асоси парвандаи фиристодаи ҷониби Душанбе дастгир шуда ва тӯли тақрибан ҳафтод рӯз дар боздоштгоҳ ба сар бурдааст. Ин манобеъ мегӯянд, гӯиё Қамариддин Афзалӣ ҳангоми супурдани ҳуҷҷатҳояш барои қайди Туркия дар бинои амнияти ин кишвар боздошт шудааст.
Бо ин ҳол, то кунун на мақомоти Туркия ва на мақомоти Тоҷикистон расман боздошту раҳоии Қамариддин Афзалиро тасдиқ накарда ва далелашро ҳам шарҳ надодаанд. Иттилое, ки то мо расидааст, танҳо тавассути наздиконаш аст.
Қаблан манобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти Қамариддин Афзалӣ дар Истанбул изҳори бехабарӣ карда ва нагуфта буданд, ки оё ӯ таҳти пайгард қарор дошт ё не.
Қамариддин Афзалӣ то қатъи фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ дар моҳи сентябри соли гузашта, раҳбарии бахши хатлонии ин ҳизбро ба ӯҳда дошт ва узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ин ҳизб ба шумор мерафт. Афзалӣ ба дунболи боздоштҳои густурдаи аъзои ҲНИТ ба хориҷ рафт, вале маълум нест, ки ӯ кай ва аз кадом роҳ вориди Туркия шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста