Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ корманди Маркази санитарию эпидемиологии ноҳияи Восеъро ба гумони қаллобӣ боздошт намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, корманди ин марказ Абдурасул Холматов тибқи маслиҳати пешакӣ бо корманди бемористони ноҳия Иброҳим Валиев ба боварии шаҳрванд «М» даромада, ба ӯ ваъда медиҳанд, ки барои дохил шуданаш ба коллеҷи тиббии ноҳия мусоидат мекунанд ва сипас аз ӯ ба сифати мукофотпулӣ 2,1 ҳазор доллари ИМА-ро гирифта, вале ваъдаашонро иҷро намекунанд.
Гузашта аз ин, тибқи маълуомти Агентӣ, онҳо аз шаҳрванд «М» боз 300 доллари ИМА маблағи иловагӣ талаб намуда, зимни гирифтани ин миқдор маблағ Иброҳим Валиев дар қаламрави бемористон боздошт мешавад.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел нисбати А.Холматов ва И.Валиев парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста