Кормандони мақомоти пулис се зодаи Тоҷикистонро ба гумони муомилот бо пулҳои қалбакӣ дар Маскав боздошт намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар нақлиёти Ҳавзаи марказии федералии Русия, тибқи маълумоти пешакӣ, ба онҳо муяссар шудааст, ки беш аз 150 адад пулҳои қалбакиро тариқи терминалҳои пардохт ба маблағи умумии 144 ҳазор рубл истифода кунанд.
Гуфта мешавад, нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи «Тайёр кардан, нигаҳдорӣ, интиқол ё муомилоти пулҳои қалбакӣ ё коғазҳои қиматнок» парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар ин модда ҷазои маҳрумият аз озодӣ то 15 сол пешбинӣ шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки боздоштшудагон ба гуноҳашон иқрор шуда, тафтишот муайян кардааст, ки пулҳои мусодирашуда ба Бонки Русия тааллуқ надоранд ва дар онҳо аломатҳои сохтакорӣ ба мушоҳида мерасанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста