Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Кодекси одоби касбии корманди политсияи Тоҷикистонро омода ва дар сомонаи расмиаш интишор намуд , ки мутобиқи он корманди политсия ба ҷуз ангуштарини ақди никоҳ, набояд аз дигар ҷавоҳирот дар худ истифода намояд, набояд риш дошта бошаду дар тан холкубӣ кунад, муйи сарашро тарошад, қоидаҳои либоси низомиро вайрон намояд.
Корманде, ки дар натиҷаи амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, лексикони ҷиноятиро омӯхтааст, набояд забони махсус ва аломатҳои ҷиноятии ин гурӯҳи одамонро дар муошират бо ҳамкасбон ва шаҳрвандон истифода намояд.
Корманди политсия уҳдадор мешавад, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон содиқ бошад ва онро дар ҳаёт татбиқ намояд, бо амали худ обрӯ ва эътибори ҳокимияти давлатиро баланд бардорад, манфиатҳои давлатӣ ва сохтори конститутсионии Тоҷикистонро ҳифз намояд.
Дар ин Кодекс корманди политсия ҳамчунин ба таъмини ҳуқуқ ва саломатии боздошташудагон, аз ҷумла андешидани чораҳои бетаъхир ҳангоми зарурият барои расонидани ёрии тиббӣ низ уҳдадор шудааст.
Гуфта мешавад, роҳбари мақомоти политсия набояд хешовандони наздики худро ба мансаби зери тобеи худ таъин кунад ва агар ба мансаб таъин карда шуда бошад, бояд ӯро аз мансаб озод намояд ё ба дигар мансаб гузаронад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста