Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон нисбати 14 нафар имомхатибон парвандаи ҷиноӣ боз намуданд.
Ҳусейн Шокиров, сардори Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки аз 14 нафар боздотшудагон танҳо ду нафарашон имомхатибони амалкунанда мебошанд.
«Боқимонда кайҳо аз мансаб сабукдӯш ё чанде қабл аз санҷиши тахассусӣ (аттестатсия) нагузаштаанд. Ман фаҳмида наметавонам, ки чаро ҳама гуноҳро ба гардани ходимони дини амалкунанда бор мекунанд», - иброз дошт ӯ, вале аз ифшои ҷузъиёти айбномаҳои пешниҳодшуда ба имомхатибони боздоштшуда худдорӣ варзид.
Ҳафтаи гузашта Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ихтиёран ба мақомоти милиса таслим шудани Орифҷон Эргашев, имомхатиби пешини масҷиди ҷомеи “Тақво” ва ноиби сархатиби масҷиди марказии ба номи Шайх Муслиҳиддини шимоли Тоҷикистон хабар дода буд.
Моҳи июн ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи фаъолияташ мамнӯъи «Ихвонулмуслимин» (Бародарони мусалмон) 7 нафар имомхатибони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳар кадоме ба 3-3,3 соли зиндон маҳкум шуданд.
Дар ҳамин ҳол, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода имрӯз дар ин робита таъкид дошт, ки мутобиқи қонунгузорӣ, ба иттиҳодияҳои динии ҷумҳурӣ ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои динии кишварҳои хориҷӣ манъ карда нашудааст, вале барои ин онҳо бояд сохторҳои дахлдор, аз ҷумла Кумитаи мазкурро низ огоҳ намоянд.
Дар акс Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста